Рӯзноманигори маҳаллӣ Ануар Дониёров гуфт, соатҳои 18:43 ба вақти маҳаллӣ, аз сӯи хиёбони Назарбоев як зиреҳпӯш омад ва аз дохили он ба самти тазоҳургарон бо силоҳи автомат оташ кушоданд.
Ин хабарро фаъолони маданӣ Марат Туримбетов ва Айгерим Толеужан, ки он замон дар майдон буданд, тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи Дониёров, дар натиҷаи ин тирпаронӣ як ҷавони тахминан 18-20-сола ба ҳалокат расидааст.
Намояндаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократӣ дар Қазоқистон Айгерим Толеужан гуфт, бештари эътирозгароне, ки дар майдони Алмато буданд, силоҳ надоштанд.
Тазоҳургарон ташкили ситоди махсуси буҳронӣ, худдорӣ аз ворид кардани неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, истеъфои ҳукумат, ташкили ҳукумати муваққатӣ ба раҳбарии намояндаи ҷомеаи маданиро талаб мекарданд.