Девони вазирон гуфтааст, Қирғизистон ҳамчун ҳамсояи наздик ва ҳампаймони стратегии Қазоқистон ҳақ надорад, ба дархости кумаки ҳукумати қонунии он кишвар посухи рад дода, уҳдадориҳои худро дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) иҷро накунад.
Дар изҳороти девон омадааст, ки Қирғизистон то лаҳзаи охирин бовар дошт, ки мардум ва раҳбарияти Қазоқистон тавони ҳалли мустақилонаи масъалаҳои дохилии худро бидуни дахолати хориҷӣ доранд. Вале шаби гузашта президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз Қирғизистон расман дархост кардааст, ки дар доираи СПАД кумак кунад.
Дар натиҷа президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт, ки масъалаи фиристодани неру ба Қазоқистон дар порлумон баррасӣ шавад. "Вале нақши неруҳои Қирғизистон дар Қазоқистон бояд танҳо ба муҳофизати иншооти стратегӣ маҳдуд шуда, онҳо набояд дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ё кори дигар иштирок намоянд", - афзудааст манбаъ.
Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон 6 январ дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба Қазоқистон неру фиристода нашавад.