Ссылки доступа

Қирғизистон ба Қазоқистон 150 низомӣ мефиристад


Порлумони Қирғизистон 7 январ дар ҷаласаи ғайринавбатии худ масъалаи фиристодани неру ба Қазоқистонро дар доираи уҳдадориҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба баррасӣ гирифтааст.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Ҷамчибек Тошиев хабар дод, ки пешниҳод шудааст, аз ин кишвар ба Қазоқистон 150 низомӣ, 8 зиреҳпӯш ва 11 мошин фиристода шавад.

Ба гуфтаи Тошиев, Арманистон аз 100 то 300 низомӣ, Русия 1400 низомӣ, Белорус 300 низомӣ ва Тоҷикистон аз 100 то 200 низомӣ ба Қазоқистон хоҳанд фиристод.

Дар ҳамин ҳол як гуруҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон бо талаби нафиристодани нерӯ ба Қазоқистон дар назди бинои порлумони он кишвар тазоҳурот мекунанд.

Қаблан Девони вазирони Қирғизистон аз сокинони ин кишвар даъват карда буд, ки қарори фиристодани неру ба Қазоқистонро "дуруст ва бо ҳиси масъулият" қабул кунанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои оммавӣ аз давлатҳои узви СПАД дархост кард, ки дар "бартараф кардани таҳдиди террористӣ" ба кишвараш кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG