Ссылки доступа

Дар Туркманистон аз сокинон даъват доранд, ки дар эътирозҳо иштирок накунанд


Мақомоти вилоятҳои Байрам ва Марии Туркманистон бо наздикони шаҳрвандоне, ки дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекунанд, суҳбатҳо анҷом медиҳанд.

Бино ба хабари бахши туркмании Радиои Озодӣ, мақомот аз сокинон талаб мекунанд, то ба наздикони худ бигӯянд, ки дар эътирозҳои оммавии зиддиҳукуматӣ иштирок накунанд.

Манбаъ афзудааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дар вилояти Марӣ аз 2 январ хона ба хонаи шаҳрвандоне мегарданд, ки наздиконашон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд.

"Онҳо се-чорнафарӣ мегарданд. Ду нафарашон либоси мулкӣ доранд ва нафари севум одатан нозири минтақавӣ аст. Сокинон мегӯянд, ду нафаре, ки либоси мулкӣ доранд, зоҳиран кормандони Вазорати амнияти миллӣ ё Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон ҳастанд", - изҳор дошт як сокини Байрам ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ҳукумати Туркманистон омори шаҳрвандони худро, ки дар хориҷ кору фаъолият мекунанд, нашр намекунад. Аммо ба иттилои манбаи радио, ҳудуди 2 миллион сокини Туркманистон дар хориҷ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG