Ссылки доступа

Тоқаев: "Сохти конститутсионӣ дар бештари минтақаҳои Қазоқистон барқарор шуд"


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 7 январ ҷаласаи ситоди зиддитеррористиро баргузор кардааст.

Ба иттилои сомонаи раисҷумҳури Қазоқистон, дар ҷаласа раҳбарияти дастгоҳи президент, Шӯрои амнияти миллӣ ва ниҳодҳои қудратии он кишвар иштирок карданд.

"Сохти конститутсионӣ дар аксари минтақаҳои кишвар барқарор карда шуд. Вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Вале гуруҳҳои террористӣ ҳамоно аз силоҳ истифода мекунанд ва ба амволи шаҳрвандон зарар мерасонанд. Бинобар ин, тадбирҳои зиддитеррористӣ бояд то маҳви пурраи ҷангҷӯён идома ёбанд", - гуфтааст Тоқаев.

Президенти Қазоқистон дақиқ нагуфт, ки бо кадом гуруҳи террористӣ муборизаҳо идома доранд ва чаро ӯ онҳоро ҷангҷӯён меномад. Вай пештар дар даъватҳояш барои воридсозии неруҳои СПАД ба Қазоқистон гуфта буд, бо "онҳое мубориза мебарад, ки дар хориҷ тамрин кардаанд".

Ба иттилои хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Актау, дарҳои бинои ҳукумати вилояти Мангистау баста аст. Хабарнигорон дар шаҳри Алмато низ мегӯянд, дар кӯчаҳо шумори ками кормандони ҳифзи ҳуқуқ дида мешаванд. Фурӯшгоҳҳои ғоратшуда ва сӯхта низ бастаанд.

XS
SM
MD
LG