Ссылки доступа

"Дарвозаи дузах"-ро дар Туркманистон мехоҳанд, бибанданд


Туркманистон тасмим дорад, "Дарвоза" - кони болокушодаи газро бандад, ки бештар аз 50 сол аст дар саҳрои Қарақум месӯзад ва яке аз ҷоҳои дидании Туркманистон барои сайёҳон ба ҳисоб меравад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба ҳукумати кишвараш рӯзи 7 январ дастур додааст, ки роҳҳои хомӯш кардани оташро пайдо кунад.

Вай дар ҷаласаи рӯзи 7 январ гуфтааст, "чанд сол аст, ки кони газ месӯзад ва ба муҳити зисту сиҳатии мардум зарар мерасонад". Вай ҳамчунин гуфтааст, гази табиӣ беҳуда сарф мешавад, ки мумкин буд аз вай даромад ба даст овард. Дар ин бора расонаҳои туркманистонӣ хабар медиҳанд.

Шоҳим Абдраҳмонов, ноиб-сарвазири Туркманистон дастур гирифтааст, барои ҳалли ин мушкил олимон ва мутахассисони хориҷиро пайдо кунад.

Кони болокушода дар шаҳраки Дарвоз, ки миёни мардум бо номи "Дарвозаи дузах" маъруф аст, дар маркази саҳрои Қарақум ҷойгир шудааст. Ин кон 50 сол пеш рӯ зад.

Соли 1971, ҳангоми кофтани кон замин фурӯ рафт ва коргарон ба таври муъҷизавӣ аз марг наҷот ёфтанд. Он замон олимон пешбинӣ карда буданд, ки газ чанд рӯз месӯзад ва хомӯш мешавад, аммо Дарвоз 50 сол аст, ки бидуни таваққуф месӯзад.

"Врата ада": уже 45 лет в Туркменистане по вине человека горит огромный газовый кратер
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:14 0:00

XS
SM
MD
LG