Ссылки доступа

"Омикрон" ба Узбекистон расид


Навъи нави коронавирус - "омикрон" - дар ҷисми як шаҳрванди хориҷӣ дар Узбекистон ошкор шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар рӯзи 9 январ хабар дод.

Навъи "омикрон" дар моҳи декабри соли 2021 дар ИМА, Дания, Куриёи Ҷанубӣ, Бритониё, Русия, Исроил, Ҳолланд, Фаронса, Ҷопон ва Ҳинд паҳн шуд.

"Омикрон" нисбати навъҳои дигар хосияти зудтар паҳн шуданро дорад.

Баъди сабти ин навъи коронавирус Узбекистон назорат дар марзҳояш ва пӯшидани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сахттар кардааст.

XS
SM
MD
LG