Раиси шаҳри Ню-Йорк гуфтааст, дар ин бино асосан афроди камдаромад зиндагӣ мекарданд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса 60 нафар маҷрӯҳ шуда, 32 нафари онҳо ба бемористон интиқол дода шуданд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол ба таври дақиқ маълум карда нашудааст.
Аммо ин ҳодиса суолҳоеро дар бораи меъёрҳои эмин будани хонаҳое, ки барои афроди камдаромад ҷудо шудааст, барангехтааст. Ин дувумин оташсӯзии серталафот давоми як ҳафтаи ахир дар биноҳои истиқоматӣ дар Амрико аст.
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта бар асари як сӯхтор дар ин кишвар 12 нафар, аз ҷумла 8 кӯдак ба ҳалокат расиданд.