Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА фармони "тир кушодан"-и мақомоти Қазоқистонро маҳкум кард


Энтонӣ Блинкен, котиби давлатии ИМА фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро дар бораи "тири ҷавобӣ кушодан" маҳкум кард.

Вай гуфт, Вашингтон дар талоши дарёфти шарҳ аст, ки чи зарурат дошт, Қазоқистон дар пайи бетартибиҳои дохилӣ аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмаки низомӣ дархост кунад.

"Фармони тири ҷавобӣ кушодан дар он шакле, ки мавҷуд аст, иштибоҳ аст ва бояд бекор шавад", - гуфт Блинкен дар мусоҳиба бо расонҳои амрикоӣ рӯзи 9 январ.

Дар Қазоқистон ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳодисаҳои ахир 10-уми январ рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар нооромиҳои ахири Қазоқистон 164 нафар ҳалок шудааст. Ба қавли Вазорати тандурустии ин кишвар, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилордин 21 нафар, дар Ҷамбул 10 нафар ва дар вилояти Алмато 8 нафар кушта шудаанд. 22 нафари дигар дар кадом вилоят кушта шудаанд, вазорат шарҳ надодааст. Мақомоти интизомии Қазоқистон хабар доданд, ки дар заминаи ин воқеаҳо наздик ба 6000 нафар боздошт шудаанд.

Дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд. Пештар мақомоти қазоқ хабар дода буд, ки рӯзи 5-уми январ 28 корманди Вазорати корҳои дохилии ин кишвар кушта шудааст.

Мақомоти кишвар 6-уми январ эълон карданд, ки “амалиёти зиддитерористӣ” анҷом медиҳанд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ба низомиёни фармон додааст, ки “нопурсида паронанд”.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр эътирози осоишта дар Қазоқистон ба хушунат печид. Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристод. Мухолифини тоҷик ин иқдомро хилофи арзишҳои давлатдорӣ ва дахолат ба умури кишвар дониста, танқид карданд.

XS
SM
MD
LG