Ссылки доступа

Пайванди қалби хук ба инсон муваффақона анҷом шуд


Дар ИМА бори аввал ҷарроҳии пайванди қалби хук ба инсон муваффақона анҷом шуд. Пайванди қалб рӯзи ҷумъаи гузашта ба ҷисми Дэвид Беннети 57-сола дар донишгоҳи тиббии Мэриланд анҷом шуд.

Пизишкон гуфтанд, Беннет ба таври сунъӣ нафас мегирад, аммо қалби нав ба таври комил фаъолият мекунад. Пизишкон тасмим доранд, дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро имрӯз бигиранд.

Баъди он ки Беннет барои хариди қалби инсон маблағ наёфт, розӣ шуд, ки дар ин озмоиш ширкат кунад. "Интихоб осон буд: марг ё пайванди қалби хук. Ман зиндагиро интихоб кардам. Ман медонам, ки ин қадам ба нокуҷост, аммо ин ягона интихоби ман аст", - гуфт Беннет пеш аз ҷарроҳӣ.

Пизишкон дар ҳоли ҳозир ин падидаро таҳлил намекунанд, аммо мутахассисон мегӯянд, пайванди узвҳои хук ба инсон метавонад, бадфарҷом бошад.

Соли гузашта бештар аз 41 ҳазор амрикоӣ пайванди узв анҷом додаанд. Қариб 4 ҳазор амрикоӣ қалби нав гирифтаанд. Аммо талаби қалби нав бештар аз фурӯши қалб аст. Ба ин далел, пизишкон пайванди қалби хукро озмоиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG