"Ин дастури ғайрирасмӣ аст. Ман 2-3 навор дар саҳифаам ҷо додам. Маро аз Оҷонси иттилоъ ва иртиботи ҷамъӣ занг задаву хостанд, ки наворҳоро пок кунам", - гуфт як блогнависи узбекистонӣ ба шарти ифшо нашудани номаш.
Вай гуфт, ҳатто расонаҳои ҷумҳуриявӣ, радио ва телевизионҳои расмии Узбекистон аз ҳаводиси Қазоқистон хабар намедиҳанд.