Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон сарвазири нав таъйин кард ва гуфт, "нерӯҳои СПАД берун мешаванд"


Раиси ҷумҳурии Қазоқистон 11-уми январ эълон кард, ки дар ду рӯзи оянда берун рафтани нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аз ин кишвар оғоз хоҳад шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми телевизионӣ ба порлумон гуфт, “хуруҷи нерӯҳои СПАД дар даҳ рӯз анҷом меёбад.”

Нерӯҳои ин паймони низомии зери нуфузи Русия, ки Тоҷикистон узвияташро дорад, ҳафтаи гузашта дар пайи нооромиҳо дар Қазоқистон ба ин кишвар фиристода шуданд.

Тоқаев рӯзи 11-уми январ ҳамчунин ба вакилон гуфт, ки Алихон Исмоиловро нахуствазир таъйин кардааст. Исмоилови 49-сола дар ҳукумати пешина, ки Тоқаев ҳафтаи гузашта дар пайи нооромиҳои дохилӣ онро пароканда кард, дар мақоми муовини аввали нахуствазир кор мекард.

Дар нооромиҳои ахири Қазоқистон беш аз 160 нафар кушта шуданд. Тоқаев "террорист"-ҳоро масъули ин нооромиҳо донист, ки "қасди ғасби қудрат"-ро доштанд. Аммо ба гуфтаи мухолифон, ҳукумат бо ин фарзия мехоҳад, афкори мардумро аз мушкилоти дохилӣ, аз ҷумла бекорӣ ва баланд рафтани нархҳо, ба сӯи дигар бикашад.

Ҳамзамон рӯзи 11-уми январ Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон эълон кард, ки нерӯҳои амниятӣ дар пайванд ба нооромиҳои ахир ҳудуди 10 ҳазор нафарро боздошт кардаанд.

Эътирозҳо ҳафтаи гузашта дар ғарби Қазоқистон бинобар болоравии нархи гази моеъ оғоз шуд ва дар саросари он кишвар доман паҳн кард. Дар пайи густариши беназмиҳо, Тоқаев рӯзи 5-уми январ вазъияти фавқулода эълон кард ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамаъӣ ёрии низомӣ хост.

Тоқаев ҳамзамон кобинаи он кишварро пароканда кард ва президенти пешин Нурсултон Назарбоевро, ки раҳбарии Шӯрои амнияти миллиро ба ӯҳда дошт, аз ин мақом сабукдӯш намуд.

Ӯ ҳамчунин раиси Кумитаи амнияти миллӣ Карим Масимовро, ки аз замони Назарбоев раҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт, аз мақом барканор кард ва баъдан ба ҳабс гирифт. Чанд мақоми амниятии дигар ҳам боздошт шудаанд.

Тоқаев дар ҷараёни суханронии худ дар порлумон талош кард, то ба шаҳрвандони кишвараш итминон диҳад, ки барои суботи иқтисодӣ кор мекунад.

XS
SM
MD
LG