Ссылки доступа

Маркази миллии зидди шиканҷаи Қирғизистон аз СММ хост, аз қирғизистониҳо ҳимоят кунад


Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷаи Қирғизистон рӯзи 10 январ ҷаласаи изтирории Шӯрои ҳамоҳангсозро баргузор ва ҳимоят аз қирғизистониҳои дар Қазоқистон боздоштшударо баррасӣ кард.

Шӯро тасмим гирифт, ки ба порлумон ва девони вазирон муроҷиат ва хоҳони таъсиси комисияи байниидоравӣ шавад. Бино ба пешниҳоди шӯро, комисия бояд, "шиканҷаи шаҳрвандони Қирғизистонро дар Қазоқистон сабт кунад".

Шӯрои мазкур ҳамчунин тасмим дорад, ки аз ниҳодҳои СММ дархост кунад, "барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Қазоқистон боздошт шудаанд", чораҷӯӣ намоянд.

Бино ба иттилои охирин, дар ҳаводиси ахири Қазоқистон панҷ шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG