Ссылки доступа

Мактабҳои хусусии Узбекистон то 24 январ таътил эълом карданд


Дар Узбекистон мактабҳои хусусӣ то рӯзи 24 январ таътили зимистониро тамдид карданд.

Ин дар ҳолест, ки мактабҳои умумии Узбекистон низ то 24 январ таътил эълом кардаанд. Вазорати маорифи халқии он кишвар рӯзи 9 январ аз тамдиди таътилҳои зимистонӣ хабар дода буд. Таътили зимистонӣ ҳамасола дар он кишвар то 11 январ идома мекард.

Мақомоти маорифи он кишвар гуфтанд, тасмими охир ба хотири баргузор кардани давраҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG