Ссылки доступа

Ҳукумати нави Қазоқистон таъйин шуд. Дар он чеҳраи нав мавҷуд нест


Ҳукумати нави Қазоқистон бо сарвазирии Алихон Смаилов тасдиқ шуд, ки бештари мансабдорони пешин курсиҳои худро ҳифз карданд ва ё мансаби болотаре гирифтанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев фармони ташкили ҳукумати навро рӯзи 11 январ имзо кард.

Рӯзи 5 январ президент Тоқаев ҳукумати пешини кишвараш бо сарвазирии Аскар Маминро дар пайи эътирозҳои мардумӣ ба истеъфо фиристод. Истеъфои ҳукумат яке аз талабҳои эътирозгарон буд.

XS
SM
MD
LG