Ссылки доступа

Пулиси Бритониё шабнишинии пинҳонӣ дар қароргоҳи Борис Ҷонсонро таҳқиқ мекунад


 Борис Джонсон
Борис Джонсон

Пулиси Бритониё шабнишинии пинҳониеро таҳқиқ мекунад, ки ба навиштаи расонаҳо, дар ҳудуди қароргоҳи ҳукуматии сарвазири он кишвар Борис Ҷонсон, дар давраи маҳдудиятҳои шадиди марбут ба пешгирӣ аз коронавирус, ташкил шудааст.

Расонаҳо навиштанд, ин шабнишинӣ 20 майи соли 2020 ташкил шуда, эҳтимол, дар он Борис Ҷонсон ҳамроҳ бо ҳамсараш ширкат варзидааст.

Телевизиони ITV ​рӯзи душанбеи 10 январ матни даъватнома ба шабнишиниро нашр кард, ки аз номи котиби шахсии Ҷонсон - Мартин Райнолд ирсол шудааст. Барои шабнишинӣ бештар аз 100 кас даъват шуда будааст.

Он замон дар Бритониё ташкили чунин ҷамъомад расман манъ буд. Дар ниҳоят дар он шабнишинӣ наздики 40 кас ширкат варзидааст. Ду манбаъ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки Борис Ҷонсон низ иштирок дошт. Сарвазири Бритониё то ин замон ширкат доштан ва ё надоштанашро дар шабнишинӣ дар давраи маҳдудиятҳои шадиди марбут ба пешигирии коронавирус шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG