Ссылки доступа

Қазоқистон ба модари қирғизистонии фавтида иҷозаи вуруд ба Алматоро дод


Модари Азиз Мусоев, шаҳрванди Қирғизистон, ки дар бетартибиҳои шаҳри Алмато кушта шуд, иҷозаи вуруд ба Қазоқистонро дарёфт кард.

С. Имонхоҷаева, модари Азиз Мусоев имрӯз, 12 январ, ба шаҳри Алмато хоҳад рафт.

Айни замон дар бораи фавти ду шаҳрванди Қирғизистон дар бетартибиҳои Қазоқистон хабар расидааст. Яке аз он ду тан Азиз Мусоев аст, ки дар шаҳри Алмато дар як талори варзиш кор мекард. Пештар хешовандони Мусоев гуфтанд, мақомоти Қазоқистон ҷасади Мусоевро намедиҳанд.

Назаралӣ Орипов, консули Қирғизистон дар шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, мақомоти Қазоқистон баъди тафтиш ҷасади қирғизистониҳоро хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG