Ссылки доступа

Маоши вакилон ва вазирони Қазоқистон дар 5 соли оянда намеафзояд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 11 январ дар мулоқот бо аъзои нави ҳукумати кишвараш гуфт, ки маоши вазирон, вакилон ва роҳбарони минтақаҳо дар 5 соли оянда нахоҳад афзуд.

Президент гуфт, ин тасмимро ба хотири он гирифтааст, ки мансабдорон "даромади хуб доранд".
Вай дар ин мулоқот ҳамзамон афзуд, мансабдорон наметавонанд, бо мардум гуфтугӯ кунанд. Ба бовари Тоқаев, аъзои ҳукумат бояд ба таври мунтазам ба минтақаҳо раванд ва роҳбарони минтақаҳо пайваста бо сокинон мулоқот анҷом диҳанд.
Пештар аз ин Тоқаев дар суханрониаш дар порлумон президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро танқид кард.
XS
SM
MD
LG