Ссылки доступа

"Чархболҳоро баргардонед." Ҳушдори Вазорати дифои ҳукумати Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон


Як мансабдори ҳукумати Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон ҳушдор додааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳои Афғонистонро баргардонанд.

Гуруҳи ҳоким дар Кобул иддао дорад, ки даҳҳо чархболу ҳавопаймо пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон моҳи августи соли 2021 омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ кардаанд, вале дар бораи будани чархболу ҳавопаймоҳо иттилои пурра надодаанд.

Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб (писари Мулло Умар, бунёдгузори Ҳаракати Толибони Афғонистон), рӯзи 11-уми январ дар ҷараёни машқҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар Кобул гуфтааст, Тоҷикистон ва Узбекистон "набояд дар ин маврид сабр ва таҳаммули афғонҳоро озмоиш кунанд".

"Ҳавопаймоҳои мо, ки назди Шумо ҳастанд, агар дар Тоҷикистон ҳастанд ё Узбекистон, ба мо дубора супурда шаванд. Мо ҳеч гоҳ иҷоза намедиҳем, ки ҳавопаймоҳои мо дар хориҷ бимонанд ва аз онҳо истифода кунанд," -- таъкид кардааст ӯ.

Сарпарасти Вазорати дифои ҳукумати Толибон афзудааст, "агар ҳавопаймоҳо дубора ба Афғонистон супурда нашаванд, пайомадҳои баде ба ҳамроҳ хоҳад дошт". Аммо ӯ ҷузъиёти дигаре надод, ки пайомадҳо чӣ хоҳанд буд.

Давоми як ҳафтаи охир бори дувум аст, ки мақомоти ҳукумати Толибон аз Душанбе ва Тошканд чунин дархостеро мекунанд, аммо Тоҷикистону Узбекистон ба ин талаби ҳокимони нав дар Кобул ба таври расмӣ вокунише нишон надодаанд.

Аз ин қабл масъулони ҳукумати Толибон гуфта буданд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ 40 чархбол аз ин кишвар ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол дода шудааст ва дар бораи баргардондани чархболҳо бо Душанбе ва Тошканд гуфтугӯҳое анҷом шудааст, аммо ин ду кишвар ҳозир нашудаанд, ин чархболҳоро ба Афғонистон бидиҳанд.

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои ҳукумати Толибон чанд рӯз пеш ба телевизиони афғонии "Тулуъ" гуфта буд, "борҳо аз ҳукуматҳои ин ду кишвар (Тоҷикистон ва Узбекистон) дархост шуд, то чархболҳоро ба ҳукумати кунунии Афғонистон баргардонанд. Албатта, онҳо ҳам мулоҳизаҳои худро доштанд ва то ҳол таслим накардаанд".

Аммо ин масъули ҳукумати Толибон нагуфт, ки онҳо кай чунин пешниҳодеро ба ҷониби Тоҷикистону Узбекистон ироа кардаанд ва мулоҳизаҳои Душанбе ва Тошканд дар ин робита чӣ будааст.

Чанд рӯз пеш хабаргузории "Рейтерз" гузориш дод, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд, баъзе аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомиеро, ки дар ҷараёни суқути Кобул ба ин кишварҳо интиқол дода шудаанд, ба Афғонистон пас надиҳанд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин ду кишвар аз Амрико тақозо кардаанд, ки шуморе аз чархболҳоро дар назди худ нигаҳ доранд. Манбаъҳои амрикоӣ ба хабаргузорӣ гуфтаанд, Амрико дархостҳои ин кишварҳоро баррасӣ дорад. Ҷониби Амрико то кунун ба таври расмӣ дар ин робита ибрози назар накардааст.

Аксари ин чархболҳо аз тарафи Амрико ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дода шуда буд. Гуфта мешавад, Ашраф Ғанӣ, президенти фирорӣ, бо воситаи се чархбол ба Узбекистон рафта буд. Аммо чигунагии интиқол шудани чархболҳои боқимонда ба ин кишварҳо, ба таври дақиқ маълум нест.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва Узбекистон ҳам бо вуҷуди муносибатҳои нек бо ин гурӯҳ, ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо аз кадом маҷро пешниҳод кардаанд, ки Тоҷикистон ин чархболҳоро ба Афғонистон бозгардонад.

Пас аз сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021, даҳҳо халабони Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ шуданд. 143 халабон ё пилотҳои афғонистониро шаби 10-уми ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

XS
SM
MD
LG