Муҳоҷирони узбекистоние, ки дар Қазоқистон ҳузур доранд, гуфтанд, дар бетартибиҳои он кишвар ширкат накардаанд. Онҳо гуфтанд, ҳоло вазъ муътадил шуда, бисёре аз онҳо ба кори худ баргаштаанд.
Даврон, як сокини Намангони Узбекистон, дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар як коргоҳи дузандагӣ кор мекунад. Даврон гуфт, рӯзи 11 январ дубора ба кор баргаштааст.
Юсуф Кобулҷонов, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 11 январ гуфт, барои баргардонии шаҳрвандони Узбекистон аз Қазоқистон парвоз ташкил мешавад.
"Рӯйхати шаҳрвандоне тартиб дода шудааст, ки аз шаҳри Алмато ба Узбекистон баргаштан мехоҳанд. Онҳоро дар фурсатҳои наздик бармегардонем. Айни замон фурудгоҳи Алмато фаъолият намекунад", - гуфт Кобулҷонов.