Ссылки доступа

Навъи "омикрон"-и коронавирус то Қирғизистон расид


Дар Қирғизистон нахустин ҳолати гирифторӣ ба навъи "омикрон"-и коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Ойгул Жумаканова, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз 165 шаҳрванди ташхисшуда 2 тан ба "омикрон" гирифтор будаанд. Ташхис аз 4 то 6 январ анҷом шуда, аммо натиҷаҳо он танҳо баъди 6 рӯз ошкор шудааст.

Ҳамзамон расонаҳо бо такя ба вазорати тандурустии он кишвар аз мавҷи чаҳоруми вабои коронавирус дар Қирғизистон хабар медиҳанд.

Навъи "омикрон"-и коронавирус бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ сабт шуд. Мутахассисон гуфтанд, ин навъи коронавирус хосияти зуд паҳншавӣ дорад ва ҳатто ба афроде сироят мекунад, ки воксин гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG