Ссылки доступа

Ба ширкати духтари Назарбоев дар 5 сол $1,6 млрд ворид шудааст


Алия Назарбаева
Алия Назарбаева

Аз соли 2016 то ин замон ба ширкати "Оператор РОП" қариб 1,6 миллиард доллар ворид шудааст. Дар ин бора рӯзи 12 январ вазири муҳити зист ва захоири табиии Қазоқистон Сериккалӣ Брекешев хабар дод.

Вай гуфт, маблағҳои воридшуда ба таври қонунӣ харҷ хоҳанд шуд.

Як рӯз пеш президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ширкати "Оператор РОП"-ро, ки ба ҷамъоварии пардохти партовҳо машғул аст, танқид кард. Ин ширкатро ба Алия Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд.

Фаъолони Қазоқистон борҳо аз ҳукумати Қазоқистон талаб карданд, ки маблағ барои партови мошинҳоро бекор кунад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, қимати баланди ин навъи пардохт боиси гароншавии арзиши мошинҳо гардидааст.

XS
SM
MD
LG