Ӯ дар як нишаст дар Алмаато иштирок карда, бо пайвандону ҳамкорони афсарони ҳифзи қонун, ки дар ҷараёни хушунатҳо кушта шуданд, вохӯрд.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, шумори дақиқи касоне, ки дар ҷараёни хушунатҳо кушта шудаанд, ҳанӯз равшан нест.
Тазоҳурот аввал дар вокуниш ба афзоиши нархи нафт дар ғарби Қазоқистон оғоз шуд ва сипас ба гӯшаҳои дигари ин кишвар паҳн шуду ба хушунат табдил ёфт.
Расонаҳои Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе гузориш доданд, ки 1700 каси дигар боздошт шудаанд. Бо ин шумори дастгиршудаҳо дар ҷараёни нооромиҳо ва баъди он ба беш аз даҳ ҳазор нафар расидааст.