Ссылки доступа

Тоқаев вазъи фавқулодаро дар се минтақаи Қазоқистон хотима дод


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон вазъи фавқулодаро дар се минтақаи кишвараш - вилоятҳои Павлодар, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шимолӣ хотима дод.

Бино ба фармони имзошуда, вазъи фавқулода аз соати 7 субҳи 13 январ ба поён расидааст.

Тоқаев рӯзи 4 январ дар пайи бетартибиҳо ва эътирозҳои мардумӣ нахуст дар вилоятҳои Мангистау ва Алмато, баъдтар дар саросари кишвараш то рӯзи 19 январ вазъи фавқулода эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG