Дар ин ширкат гуфтанд, Узбекистон ба далели мушкилоти фаннӣ дар истгоҳи барқи Талимарҷон чунин тасмим гирифтааст.
Ба иттилои DABS, кам шудани воридоти барқ аз Узбекистон, 16 вилояти Афғонистонро бе барқ гузоштааст.
Пештар аз ин хабар дода шуд, ки Узбекистону Афғонистон барои доду ситади барқ дар соли 2022 шартномаи 100 миллиондолларӣ бастаанд.
Дар моҳи октябр хабар расида буд, ки ширкати миллии барқи Афғонистон аз Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон 51 миллион доллар қарздор шудааст.