Ссылки доступа

Низомиҳои Қирғизистон рӯзи 14 январ аз Қазоқистон бармегарданд


Низомиҳои Қирғизистон, ки дар доираи маъмурияти ҳифзи сулҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Қазоқистон ирсол шуда буданд, рӯзи 14 январ ба Қирғизистон бармегарданд.

Дар ин бора вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар дод.

Пештар хабар дода шуд, ки низомиҳои Қирғизистон маркази гармидиҳии шаҳри Алматоро муҳофизат мекунанд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 11 январ гуфт, беруншавии неруҳои СПАД 13 январ шуруъ ва 10 рӯз давом мекунад.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 7 январ ба ирсоли неруҳоии қирғизистонӣ ба Қазоқистон ризоият доданд. Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон он замон гуфт, ба Қазоқистон 150 низомӣ ирсол мешавад.

Иддае аз сокинони Қирғизистон талаб карданд, ки ба Қазоқистон низомӣ ирсол нашавад.

XS
SM
MD
LG