Ссылки доступа

ИМА таҳримҳои Куриёи Шимолиро сахттар кард


ИМА нисбати шаш шаҳрванди Куриёи Шимолӣ, як шаҳрванди Русия ва як ширкати русӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Амрико ин афрод ва ширкатро дар интиқоли мавод барои барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ айбдор мекунад.

Таҳримҳои нав дар ҳоле ҷорӣ шуданд, ки Куриёи Шимолӣ озмоиши нави мушакӣ анҷом додааст.

"Тасмими имрӯзӣ - қисме аз талошҳои ИМА аст, ки ба хотири пешгирӣ аз рушди барномаи сохтани силоҳи қатли ом ва озмоиши мушакҳои болдор роҳандозӣ шудааст", - гуфт Брайан Нелсон, муовини вазири молияи ИМА. Вай илова кард, ки Куриёи Шимолӣ истифодаи намояндагиҳои хориҷиро барои дастрасии маводи барномаи ҳастаӣ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG