Ссылки доступа

Президенти Туркманистон дастур дод, иттилоъ дар интернет маҳдудтар шавад


Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар як ҷаласа рӯзи 12 январ ба мақомоти кишвараш дастур додааст, ки вазъи сиёсиву низомӣ ва амниятии минтақаро талҳлил ва таъсири онро ба Туркманистон баҳо диҳанд.

Вай дар ин ҷаласа ҳамзамон ба мақомоти кишвараш супориш додааст, ки фаъолиятро дар самти маҳдудсозии сарчашмаҳои иттилоъ дар интернет тақвият диҳанд.

Бердимуҳаммадов бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дар соли 2021 гуфтааст, ки: "Назорати интернет ба таври бояду шояд сурат нагирифтааст"

Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Twitter ва YouTube, инчунин хабаргузориҳои мустақил, ки мавзуҳои Туркманистонро инъикос мекунанд, дар ин кишвар дастнорасанд. Ба илова, Туркманистон дар баҳогузории суръати интернет аз тамоми дунё ақиб уфтодааст.

Ҳамакнун Бердимуҳаммадов ба вазорати амнияти миллии кишвараш дастур додааст, маноберо дар интернет пайдо кунад, ки зидди сохти конститутсионии Туркманистон, афкори иҷтимоӣ хабарпароканӣ мекунанд ва терроризму тундгароӣ, миллатгароӣ ва фаъолияти дигари ғайриқонуниро таблиғ менамоянд.

XS
SM
MD
LG