Ссылки доступа

Узбекистон гузаргоҳҳои заминиашро бо Қазоқистон муваққатан мебандад


Шуруъ аз 15 январ Узбекистон гузаргоҳҳои заминиашро бо Қазоқистон муваққатан мебандад.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 13 январ гуфт, ки тасмими мазкур ба "паҳншавии босуръати навъи омикрони коронавирус рабт дорад".

Ин маҳдудият ба мусофироне, ки тариқи ҳавопаймо вориди Узбекистон мешаванд ва ҳам ба касоне, ки ба ватанашон бармегарданд, рабт надорад.

Дипломатҳо, аъзои хонаводаи онҳо, узбекистониҳое, ки дар Қазоқистон зиндагии доимӣ доранд, қазоқистониҳое, ки дар Узбекистон зиндагии доимӣ доранд, донишҷӯён, ронандагони мошинҳои боркаш ва касоне, ки ба аёдати хешовандони беморашон ва ё ба маросими ҷанозаи хешовандонашон меоянд, метавонанд, марзро убур кунанд.

XS
SM
MD
LG