Ссылки доступа

Ҷасади як қирғизистонии дар Қазоқистон фавтидаро ба модараш доданд


Ҷасади як қирғизистонии дар бетартибиҳои шаҳри Алматои Қазоқистон фавтидаро, баъди як ҳафта, ба модараш доданд. Мақомоти Қазоқистон ваъда доданд, ки ҷасади қирғизистонии дувумро ҳам ба зудӣ ба хешовандонаш месупоранд.

Бо ин вуҷуд, чаҳор шаҳрванди Қирғизистон, ки аз сӯи пулиси Қазоқистон боздошт шудаанд, дар ҳабс боқӣ мемонанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, аз ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда ҳимоят мекунад.

Дар бетартибиҳои Қазоқистон ду шаҳрванди Қирғизистон - Азиз Мусоев ва Бахтиёр Бозорбоев фавтиданд. Ҷасади Мусоевро ба модараш доданд, аммо ҷасади Бозоробоев то кунун дар ихтиёри мақомоти Қазоқистон аст.

Модари Мусоев барои гирифтани ҷасадаи писараш ба Алмато рафт.

Мусоев дар шаҳри Алмато ба ҳайси мураббии варзиш кор мекард. Дар бораи Бахтиёр Бозорбоев иттилои зиёде мавҷуд нест.

Бино ба иттилои охирин, дар робита ба бетартибиҳои Қазоқистон 10 ҳазор кас боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чи теъдод аз шаҳрвандони Қирғизистон миёни боздоштшудаҳо ҳастанд.

Ба иттилои кумитаи омори Қирғизистон, бештар аз 30 ҳазор қирғизистонӣ дар Қазоқистон кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG