Ссылки доступа

Дар Русия пешниҳод доранд, сабабҳо барои ихроҷи хориҷиҳо бештар карда шаванд


Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод дорад, хориҷиҳоро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

Ин тағйиротро мехоҳанд, вориди Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия созанд. Дар вазорати корҳои дохилии Русия ҳамзамон тасмим доранд, барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷати электронии тасдиқкунандаи шахсият таъсис диҳанд.

Дар он кишвар аз 29 декабри соли 2021 тартиби нави гирифтани изи ангушт ва акси хориҷиҳо роҳандозӣ шудааст. Касоне, ки ба муҳлати бештар аз се моҳ вориди Русия мешаванд, бояд изи ангушт ва акси чеҳра супоранд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2021 вазорати корҳои дохилии Русия наздики 400 муҳоҷирро, ки дар занозаниҳои Москва иштирок доштанд, аз он кишвар ихроҷ кард. Ҳамзамон вуруди онҳоро ба Русия ба муҳлати 40 сол манъ кард.

XS
SM
MD
LG