Ссылки доступа

Додгоҳи олии ИМА фармони воксинзании ҳатмии Ҷо Байденро бекор кард


Додгоҳии олии ИМА рӯзи 13 январ фармони президент Ҷо Байденро дар бораи воксинзании ҳатмӣ ва ё ташхиси COVID-19 миёни кормандони ширкатҳои миёнаву бузург бекор кард.

Чунин талабот танҳо дар муассисаҳои тиббие ҷорӣ мешавад, ки аз буҷаи федеролии Амрико маблағгузорӣ мешаванд.

Додгоҳи олии ИМА бо шаш раъйи мусбат ва се раъйи манфӣ дар ниҳоят фармони Байденро бекор кард.

XS
SM
MD
LG