Ссылки доступа

Португалия қонунӣ будани шиносномаи Абрамовичро тафтиш мекунад


Роман Абрамович
Роман Абрамович

Мақомоти Португалия қонунӣ будани шаҳрвандии миллиардери русиягӣ, молики бошгоҳи футболи "Челсӣ" Роман Абрамовичро тафтиш мекунанд. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, Абрамович баҳори соли 2021 - ҳамчун бозмондаи яҳудиҳое, ки дар охири асри 15 аз нимҷазираи Пиреней ронда шудаанд - шаҳрвандии Португалияро дарёфт кардааст.

Вазорати адлияи Португалия гуфт, тафтиши қонунӣ будани шаҳрвандии Абрамович як раванди маъмулӣ аст. Намояндагони Абрамович ҳам гуфтанд, тоҷир аз ин тасмим истиқбол кардааст.

Пештар сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний додани шаҳрвандӣ ба Абрамовичро аз сӯи Португалия интиқод кард. Навалний гуфт, Португалия "ба олигархи мавриди эътимод"-и президенти Русия Владимир Путин шаҳрвандӣ додааст.

Хабаргузории РБК менависад, Абрамович солҳои тӯлонӣ таърихи хонаводаи худро омӯхта, дар ниҳоят иттилоъ ёфтааст, ки онҳо аз Португалия ронда шудаанд.

Абрамович бо 14 миллиард евро сарватмандтарин шаҳрванди Португалия дониста мешавад. Вай ҳамзамон шаҳрвандии Русия ва Исроилро дорад.

XS
SM
MD
LG