Ба иттилои ин созмон, раванди марбут ба озодии баён дар Узбекистон ноком шуда, мақомот блогнависони дигарандешро таъқиб мекунанд.
Ба ташкилоти мустақили ҳомии ҳуқуқ иҷозаи сабт намедиҳанд. Беҷазо мондани касоне, ки шиканҷа истифода мекунанд, ба як падидаи одӣ табдил шудааст, омадааст дар гузориши марбут ба Узбекистон.
Дар ин гузориш ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳукумати Узбекистон ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба Радиои Озодӣ идома медиҳад.