Ссылки доступа

Мақомот: дар Алмато 149 кас кушта шуд, "афроди ношинос" бештар аз 40 ҷасадро рабуданд


Канат Таймерденов, сардори пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 16 январ гуфт, ки дар ҳодисаҳои ибтидои моҳи ҷорӣ чанд кас кушта шудааст. 

"Миёни шаҳрвандон 149 кас кушта шудааст. Аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ 11 кас", - гуфт Таймерденов. Вай хабар надод, ки аз тирҳои дайду чи теъдод сокинони осоишта кушта шудаанд.

Пештар аз ин Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, дар саросари он кишвар дар маҷмуъ 225 кас кушта шудааст. Ин нахустин иттилои расмӣ аст, ки додситонӣ онро "иттилои ибтидоӣ" номид.

Таймерденов рӯзи 16 январ ҳамчунин аз ҳафт ҳамла ба сардхонаҳо ё мурдахонаҳои шаҳри Алмато хабар дод, ки ба гуфтаи вай дар рӯзҳои бетартибӣ сурат гирифтааст.

"Ҳамлаҳоро одамони аз қабл омодагӣ дида анҷом додаанд, ки силоҳро хуб кор мефармуданд ва услубҳои ҷангро медонистанд. Онҳо маҷруҳону кушташудаҳоро бо худ бурдаанд, ки шуморашон ба 41 мерасад", - афзуд Таймерденов.

Ба гуфтаи сардори пулис, ҳамлагарон ҷасадҳоро аз бинои пулис низ бо худ бурдаанд.

Рӯзи 5 январ дар шаҳри Алмато чанд ҳазор эътирозгар дар майдони Республика ҷамъ шуда, бинои ҳукумат ва баъдан қароргоҳи президентро ғасб карданд. Ҳар ду бино оташ зада шуд. Ҳамон шаб фурудгоҳи шаҳри Алмато низ ғасб шуд. Шаби 6 январ ғоратгарон мағозаҳо, бонкҳо ва дигар муассисаҳоро ғорат кардаву чанд мошинро оташ заданд.

XS
SM
MD
LG