Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Маркази корёбӣ дар хориҷ барои шаҳрвадон таъсис шуд


Дар Қирғизистон Маркази корёбӣ дар хориҷ барои шаҳрвандон таъсис шуд.

Ин марказ дар вазорати меҳат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати он кишвар таъсис шудааст. "Тасмими мазкур ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва хонаводаи онҳо равона шудааст", - хабар доданд дар маркази корёбӣ.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, наздики як миллион шаҳрванди Қирғизистон дар хориҷ аз он кишвар фаъолият мекунанд. Бештари онҳо барои корёбӣ ба Русия мераванд. Ба ҷуз аз Русия, шаҳрвандони Қирғизистон ба Туркияву Қазоқистон низ мераванд. Ба илова, бо гузашти ҳар сол шумори муҳоҷирони қирғизистонӣ дар Аврупо ва ИМА меафзояд.

XS
SM
MD
LG