Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Узбекистон аз ин ба баъд бояд ҳисоботи андози худро тавассути низоми "Е-aktiv" ва "Е-rent" пешниҳод кунанд. Ҳамчунин аз 1 январи соли равон қайди қарордодҳои иҷораи амволи ғайриманқул дар нозироти андози Узбекистон ба таври электронӣ ҳатмӣ шудааст.
Мақомоти Узбекистон ҳадафи роҳандозии низомҳои "E-aktiv" ва "E-rent"-ро берун овардани баъзе аз фаъолиятҳои соҳибкорӣ аз "зери соя" ва пешгирӣ аз даромадҳои ғайриқонунӣ меноманд.
Аммо бархе аз соҳибкорон ва муҳосибон аз низоми ҷоришуда норозӣ ҳастанд. Як муҳосиб аз шаҳри Тошканд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, мақомоти ин кишвар ба ҷои содда кардани низоми андозсупорӣ, баръакс, онро мушкилтар кардаанд.
"Агар ягон маълумот иштибоҳан нодуруст ворид карда шавад, барнома шуморо ба рӯйхати сурх шомил мекунад. Ин маънои онро дорад, ки шуморо метавонанд ҳамчун андозсупорандаи шубҳанок муҷозот кунанд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.