Ҳамчунин Самат Абиш, ҷияни президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ аз мақоми муовинии раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар барканор шудааст. Фармони барканории ӯро президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 17 январ имзо кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш дар бораи истеъфои ду домоди дигари Назарбоев -- Ғайрат Шарифбоев ва Димаш Досанов аз раҳбарии ширкатҳои нафту газ хабар дода шуда буд. Шарифбоев ва Досанов аз роҳбарии ширкати KazTransOil ва QazaqGaz истеъфо додаанд.
Назарбоев се даҳсола раёсати ҷумҳури Қазоқистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 2019 аз мансаб истеъфо дод, аммо ҳузури худро дар қударт ҳифз кард.
Раҳбари собиқи 81-сола аз замони сар задани тазоҳурот ва беназмиҳо дар Қазоқистон дар назди мардум ҳозир нашудааст. Дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани ӯ маълум нест.
Писараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Шарифбоев бо Дариға Назарбоева, духтари калонии раисҷумҳури пешин, издивоҷ кардааст. На Шарифбоев ва на Дариға Назарбоева дар бораи робитаашон изҳори назар накардаанд.
Досанов шавҳари Алия Назарбоева, духтари хурдии Назарбоев аст. Сабаби истеъфои онҳо гуфта нашудааст.