Ссылки доступа

Ба шаҳрвандони Узбекистон барои қадамзанӣ дигар пул намедиҳанд


Фаъолияти барномаи "Тарзи ҳаёти солим" дар Узбекистон, ки ба ҳамёни электронии шаҳрвандон барои беш аз 10 ҳазор қадам задан дар рӯз пул мегузаронд, қатъ шудааст.

Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Узбекистон гуфтааст, аз 16 январи соли равон ба ҷои ин барнома низоми нави дигар ҷорӣ шудааст. Минбаъд ҳар ҳафта дар ивази гузаронидани маблағ ба ҳамёни электронии шаҳрвандон дар 1hls.uz бозие баргузор карда мешавад, ки барандагони он бо мукофотҳои пулӣ ва дучарха қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Шаффофияти тақсими мукофотҳоро аъзои Шӯрои ҷамъиятии нозирон назорат хоҳанд кард. Ба ҳайати шӯро фаъолони маданӣ, мутахассисони IT, рӯзноманигорон ва блогерҳо шомиланд.

Пештар президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо карда буд, ки бар асоси он, ба ҳамёни шаҳрвандони аз 18-сола боло барои беш аз 10 ҳазор қадам задан дар рӯз 3 ҳазор сӯм гузаронида мешуд.

Бар иловаи ин, касоне, ки дар сатҳи ноҳия дар моҳ бештар аз дигарон қадам мезананд, 300 ҳазор сӯм (муодили 300 сомонӣ), дар сатҳи минтақа бештар аз дигарон қадам мезананд - 500 ҳазор сӯм (500 сомонӣ) ва дар сатҳи кишвар аз дигарон бештар қадам мезанад 1 миллион сӯм (1000 сомонӣ) дарёфт мекунад.

XS
SM
MD
LG