Ссылки доступа

Раиси Хадамоти гумруки Қирғизистонро бо гумони фасодкорӣ боздошт карданд


Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 17 январ хабар дод.

Ин ниҳод хабар дод, "аз фасодкории густарда дар хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук ба он даст доранд".

КДАМ гуфт, роҳбарияти Хадамоти гумрук манфиати ширкатҳои хусусиеро бароварда мекард, ки аз хориҷ мол меоварданд ва дар ивази пора барои онҳо имтиёзи гумрукӣ медод.

Мақомот нисбати раиси Хадамоти гумрук бо моддаи "Фасодкорӣ" парванда боз кардаанд.

Адилет Кубаничбекови 40-сола 26 октябри соли 2021 ба ин мақом таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG