Ссылки доступа

Zakon.kz: Дариға Назарбоева то охири моҳи январ дар рухсатии бемузд хоҳад буд


Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳамзамон вакили порлумони он кишвар аст, "то охири моҳи январ дар рухсатии бемузд хоҳад буд". Дар ин бора сомонаи Zakon.kz рӯзи 17 январ хабар дод.

Сомона аз қавли сухангӯи Назарбоева ин хабарро нашр кардааст. Сухангӯ дар навбати худ гуфтааст, ки Назарбоева "ба муолиҷаи баъди гирифторӣ аз коронавирус машғул аст".

Рӯзи 12 январ ёвари Назарбоева хабар дода буд, ки вай ба вабои коронавирус гирифтор шудааст ва дар шаҳри Алмато қарор дорад.

Дар рӯзҳои охир дар бораи макони буду боши хонаводаи президенти пешини Қазоқистон овозаҳои зиёде паҳн мешавад. Назарбоев аз 28 декабр то кунун дар мазҳари ом зоҳир нашудааст. Вай ҳаводиси ибтидои моҳи январро дар кишвар шарҳ надод. Сухангӯи Назарбоев мегӯяд, вай кишварро тарк накардааст.

Рӯзи 13 январ духтари хурдии Назарбоев - Алия Назарбоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба ҳаводиси Қазоқистон изҳори назар кард. Аммо баъди чанд соат навиштаи худро пок кард. Расонаҳо навиштанд, ки Назарбоева аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вориди интернет шудааст.

XS
SM
MD
LG