Ин болотарин нишондод аз ибтидои вабои коронавирус дар Узбекистон - аз моҳи марти соли 2020 аст. Пештар аз ин - 5 августи соли 2021 дар он кишвар якбора 974 ҳолат дар як рӯз сабт шуда буд.
Бештаре аз гирифторон рӯзи 16 январ дар шаҳри Тошканд (535) сабт шудааст. Дар вилояти Тошканд 172 ҳолат, дар Самарқанд 55 ҳолат, дар Ҷиззах 40, Қарақалпоқистон 39, Хоразм 35 ҳолат сабт шудааст. Дар Навоӣ 8 ва дар Намангон 32 ҳолати дигар сабт гардидааст.
Вазорати тандурустии Узбекистон мегӯяд, сарфи назар аз афзоиши гирифторӣ, беморӣ дар бисёрии ҳолатҳо бисёр сабук пушти сар мешавад.