Дар ин бора рӯзи душанбе Александр Лукашенко хабар дод.
Вай ҳамчунин гуфт, ки Украина неруҳояшро дар марз бо Белорус тақвият медиҳад.
Баргузории размоишҳо ҳанӯз дар моҳи декабр байни Лукашенко ва президенти Русия Владимир Путин мувофиқа шуда буд. Лукашенко рӯзи душанбе гуфт, размоишҳо бояд паёми муқобила бо неруҳои Ғарб (Соҳили Балтик ва Лаҳистон) ва ҷабун (Украина)-ро дошта бошанд.
Санаи дақиқа шуруъи размоишҳо хабар дода нашудааст. Эъломи размоишҳо дар ҳолест, ки Русия неруҳояшро дар марз бо Украина тақвият медиҳад. Тақвияти неруҳои Русия ин нигарониро ба бор овардааст, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад.
Размоишҳои Русия бо Белорус "Қатъияти эътилоф - 2022" ном гирифтааст.