Миёни корбарони узбекистонии шабакаҳои иҷтимоӣ хабари тамдиди таътили зимистонӣ то 1 март мечархад. Вазорати маорифи халқӣ гуфт, ин хабари дурӯғ аст ва тавре пештар хабар дода шудааст, таътилҳо 24 январ тамом мешаванд.
Таҳсил мебоист, 11 январ шуруъ шавад. Аммо мақомоти маорифи Узбекистон онро то 24 январ тамдид карданд.
Дар вазорати маорифи Узбекистон гуфтанд, бо ҳадафи ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон чунин тасмим гирифтаанд.