"Шаҳрванди 29-солаи Узбекистон дар гузаргоҳи "Жибек жолӣ"-и вилояти Туркистони Қазоқистон ҳангоми баргашт ба ватан дастгир шудааст. Дар телефони мобилии ӯ видеоҳо аз бетартибиҳои шаҳри Чимкент низ пайдо гаштааст. Дар миёни вай захми тир, зоҳиран тири резинӣ дида мешавад", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.
Ба огаҳии манбаъ, шаҳрванди Узбекистон дар ҳоли ҳозир дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Сариағаши Туркистон нигаҳдорӣ мешавад.
Ҷониби Узбекистон то ҳол хабари боздошти шаҳрванди худ дар марзи Қазоқистонро бо захми тир шарҳ надодааст.