Ссылки доступа

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон ба AГMK-и Узбекистон гузашт


Алишер Ҷалилов, беҳтарин футболбози мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар соли 2021, капитан ё сартими «Истиқлол» ба бошгоҳи AГMK-и Олмалиқ, ки дар Суперлигаи Узбекистон бозӣ мекунад, гузашт.

Футболбоз бо бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ), барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Узбекистон-2021, шартномаи дусола баст. Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи «Истиклол», Алишер Ҷалилов фаъолияти худро дар мусобиқоти қаҳрамонии Узбекистон идома медиҳад.

Алишер Ҷалилов, ки 29-уми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, соли 2004 ба Маскав кӯчида буд. Ҳамон сол ӯ шогирди мактаби варзишии кӯдакону наврасон (ДЮСШ)-и «Локомотив»-и Маскав шуд.

Соли 2009 Алишер ба дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон гузашт. 18-уми июни соли 2011 дар ҳайати асосии «Рубин» дар меҳмонӣ муқобили «Ростов» ба майдон омадааст. Соли 2012 ба дастаи «Нефтехимик»-и Нижнекамск ба иҷора дода шуд, ки дар ин бошгоҳ 28 бозӣ карда, 2 гол задааст.

Алишер Ҷалилов беҳтарин бозигари ҷавони Лигаи миллии футболи Русия дар мавсими 2012/13 дониста шудааст. Тобистони соли 2013 ба «Рубин»-и Қазон баргаштааст. Мавсими 2017-2018-ро дар ҳайати «Балтика»-и Калининград гузаронидааст. Ӯ ба ҳайати дастаҳои наврасони Русия ҷалб шуда буд.

Алишер Ҷалилов аз моҳи январи соли 2019 дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард. Алишер дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар панҷ бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ширкат карда, як гол задааст. Ӯ мегӯяд, орзуи ҳар як футболбоз дар ҳайати тими миллии кишвар бозӣ кардан аст. Ман аз он хушҳолам, ки ин орзуям ҷомаи амал пӯшид. Аз он мефахрам, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ватани ман аст, дохил шудам.”

Алишер Ҷалилов дар ҳайати «Истиқлол” якҷо бо даста се маротиба ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва Суперҷоми Тоҷикистон, ҳамчунин соҳиби Ҷоми миллӣ гардидааст.

Аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021 Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф шудааст.

Сармураббии AГМК футболбози маъруфи узбек Мирҷалол Қосимов мебошад. Бошгоҳро корхонаи маъдани кӯҳӣ-металлургии Олмалиқ сарпарастӣ мекунад.

Қаблан «Истиқлол» бо ҳимоятгар Андрей Мишенкои украин, ки ба АГМК гузашт, хайрухуш карда буд. Ваҳдат Ханонов ва Манучеҳр Сафаров бошанд, бо «Персеполис»-и Эрон шартнома бастанд. «Истиқлол» тасмим гирифт, ки бо легионер Петар Патев (Булғористон) шартномаро тамдид накунад.

XS
SM
MD
LG