Ссылки доступа

"На имкони молӣ дорам, на ҷисмонӣ." Хонаи адибонро дар Душанбе вайрон мекунанд


Солҳои охир сохтмони биноҳои нав дар Душанбе афзудааст
Солҳои охир сохтмони биноҳои нав дар Душанбе афзудааст

Ҳукумати Душанбе тасмим гирифтааст, ду бинои истиқоматии аҳли адаб ва фарҳангиёни Тоҷикистонро дар маркази пойтахт вайрон кунад. Сокинон тасмимро нодуруст медонанд. Мақомот барои ободонӣ муҳим мешуморанд. 

Дар огоҳиномаи мақомот бо имзои Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, гуфта шудааст, ки биноҳо дар пайи иҷрои “Генплан” тахриб карда мешаванд. Марям Исоева, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, гуфт, ҳарчанд барояш огоҳиномаи мақомотро дастрас кардаанд, вай бо чунин тасмим розӣ нест.

“Рӯзи тақсими огоҳинома барои сабти намоишнома дар Бохтар будам. Ба намояндаҳои ширкати нигаҳдории хонаҳо гуфтам, ки масъулони ҳукумат омада, фаҳмонанд, ки барои чӣ хонаи мо вайрон мешавад. Ба шартҳои мо гӯш диҳанд. Ман 85-сола шудам. Тамоми умр барои фарҳанги Тоҷикистон хидмат кардаам,” – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Марям Исоева, ин хонаҳо ҳудуди чиҳил сол пеш сохта шудаанд ва дар муқоиса бо биноҳои дигари истиқоматии Душанбе хеле “ҷавон” ҳастанд.

Дар Душанбе манзили зисти адибон тахриб мешавад
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:13 0:00

Ӯрун Кӯҳзод, нависандаи халқии Тоҷикистон, низ мегӯяд, эҳтимол дар раванди бозсозӣ ё ба истилоҳ “Генплан”-и Душанбе тахриби баъзе аз биноҳо зарур бошад, “аммо ин ба он маънӣ нест, ки бояд ҳамаи биноҳо тахриб шаванд”.

“Ин биноҳои истиқоматӣ тибқи нақша ва бо риояи ҳамаи талаботи шаҳрсозӣ бунёд шудаанд. Ба ақли инсонӣ тахриби ҳамаи биноҳо созгор нест,” – мегӯяд нависандаи тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, бинои маскунӣ барои адибон бо ибтикори Мирзо Турсунзода бунёд шуда буд ва ҳоло бештаре аз сокинони он пиронсол мебошанд: “Ман на имкони ҷисмонӣ ва на молӣ дорам, ки бо ин миқдор китобҳоям ба хонаи дигари иҷора бикӯчам.”

Сокинони ин ду бино тасмим гирифтаанд, ба мақомоти олии кишвар дар бораи тахриб накардани биноҳои маскунӣ муроҷиати дастҷамъона фиристанд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қитъаҳои замини ин маҳал барои ободонӣ зарур аст ва аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.

Ба бовари Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, ки низ дар ин бино зиндагӣ мекунад, “омезиши манфиатҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва мақомот” боис шудааст, ки шаҳрдорӣ арзишҳои фарҳангиву таърихии тоҷиконро сарфи назар кунад.

Ӯ гуфт: “Мақомот ҳангоми чунин тасмимгирӣ чанд паҳлӯи масъаларо сарфи назар карданд. Зеро дар ин ду бино чанд шахсияти барои илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон муътабар зиндагӣ кардаанд. Тақрибан дар ҳар як хона сокинонаш тамоми умр китоби зиёде ҷамъоварӣ кардаанд. Тахриби ин хонаҳо ба фоидаи шаҳр нест.”

Дар чанд соли охир дар пайи иҷрои барномаи ба истилоҳ “Генплан” дар Душанбе ҳодисаҳои зиёди норозигии сокинон аз тахриби манзилҳояшон рух медиҳад.

Дар бештаре аз ин ҳолатҳо мақомот дар тасмими худ устуворанд. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе танҳо дар мавриди тахриб ва кӯч додани бинои осорхонаи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон аз тасмими худ даст кашид, вале маълум нест, муваққатан ё барои ҳамеша.

XS
SM
MD
LG