Ссылки доступа

Шурӯи машқҳои нирӯҳои пиёданизоми пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон


Нирӯҳои пиёданизоми пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 18-уми январ дар майдонҳои Лоҳуру Сумбулаи Тоҷикистон машқҳои низомии навбатиро шурӯъ карданд.

Ба навиштаи Ҳавзаи марказии низомии Русия, дар машқҳои низомӣ тӯпхонаву чархболҳо ҳам истифода шудааст. Мақомоти низомии Русия ин машқҳоро тактикӣ номида хабар доданд, ки дар майдонҳои кӯҳии Лоҳуру Сумбула дар маҷмӯъ 1 ҳазор нирӯи пиёданизом ҷалб мешаванд.

Дар изҳорот ҳадафи асосии баргузории тамринҳо санҷиши омодагии ҳарбии воҳидҳои пиёданизом ва ҳамоҳангии кори онҳо ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои низомию ҳарбӣ мебошад. Пойгоҳи 201-уми Русия аз 7 ҳазор низомӣ иборат буда, дар қаламрави Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.

Пойгоҳи 201-уми Русия мегӯяд, ки дар пасманзари сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, Русияву ҳампаймонҳояш аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон як силсила машқҳои низомӣ барпо карданд. Инчунин, низомиёни Русия дар Тоҷикистон бо силоҳу аслиҳаи нав ва ҳам муҳимоти низомии бештар таъмин шуданд.

XS
SM
MD
LG