Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба истеҳсоли бесарнишинҳо шуруъ карданд (видео)


Узбекистон нахустин шуда дар Осиёи Марказӣ ба истеҳсоли бесарнишин шуруъ кард. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии саноати ҳарбии Узбекистон хабар доданд.

Маркази илмиву истеҳсолии маҷмаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дастгоҳҳои бесарнишини "Лочин" шуруъ кардааст.

Марказ хабар намедиҳад, ки истеҳсоли бесарнишинҳо дар кадом қисмати Узбекистон ба роҳ монда шудааст ва аз рӯи намунаи кадом кишвар бесарнишин сохта мешавад. Ҳамзамон хабар дода намешавад, ки барои истеҳсоли бесарнишинҳо чи қадар маблағ ҷудо шудааст.

Бино ба иттилои мақомоти Узбекистон, дрон ё бесарнишинҳо бо чанд ҳадаф истифода хоҳанд шуд: иҷрои вазифаҳои иктишофӣ, зарба задан, назорат, дарёфти иттилоъ ва инчунин дар бахши кишоварзиву ҷангалбонӣ ва ғайра.

XS
SM
MD
LG