Ссылки доступа

Кодекси нави андоз дар Қирғизистон ба иҷро даромад


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 18 январ Кодекси нави андозро имзо кард. Ин Кодекс рӯзи 22 декабри соли 2021 аз сӯи порлумони он кишвар қабул шуда буд.

Дар мақомоти он кишвар гуфтанд, Кодекси андозе, ки 1 январи соли 2009 ба иҷро даромада буд, куҳна шудааст.

Кодекси нав, ки аз сӯи порлумон қабул шуд, мебоист, аз 1 январи соли ҷорӣ ба иҷро дарояд. Баъди қабули он аз сӯи порлумон тоҷирон чанд рӯзи пайи ҳам гирдиҳамоӣ кардаву ба таъхир андохтани онро талаб карданд.

Дар девони вазирони Қирғизистон эътироф карданд, ки маъракаи муаррифии меъёрҳои Кодекси нави андоз дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар ҳар сурат, ҳукумати Қирғизистон ба аҳамияти ин кодекс пофишорӣ дорад, зеро он ба кам кардани иқтисоди соягӣ ва афзоиши даромади буҷа равона шудааст.

XS
SM
MD
LG